Бостоншиносон дар ёдгории бостонии Санҷаршоҳ ҳафриёт мегузаронанд

Май 28, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносони тоҷик ва шарикони хориҷии онҳо бо роҳбарии ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Шарофиддин Қурбонов ва Абдураҳмон Пулотов аз 15 май бо ҷалби донишҷӯёни факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри  Панҷакент таҳқиқи қасри  Санҷаршоҳ  (ҳафриёти 7-8)-ро идома медиҳанд. Дар натиҷаи ҳафриёт дар ин мавзеъ ҳуҷрае пайдо гардид, ки андозаи он дар давраи якуми сохтмонӣ ба  15.6 x 19 метр мерасад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш хабар доданд.

Тибқи иттилои бостоншиносон, дар натиҷаи ҳафриёти мавсими 2022 аз ин ҳуҷра пораҳои деворнигораҳо пайдо шуд, ки аз ҳашамат ва зебоии ин қаср шаҳодат медиҳад.

Аз нигоҳи таърихи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ёдгориҳои бостоншиносии Тоҷикистон ниҳоят пурарзиш мебошанд. Дар ин ҷо равшан нишон додан мумкин аст, ки маданияти аҷдодии ин сарзамин дар замонҳои дур то чӣ андоза ба қуллаи баланди ташаккули худ расида буд. Дар баробари ин алоқаи он бо тамоми марказҳои асосии тамаддуни ҷаҳонӣ равшану возеҳ мегардад. Бо дидани ёдгориҳои Тоҷикистон кас мутмаин хоҳад шуд, ки фарҳанги маҳаллӣ ба замони қадим решаҳои амиқ давондааст.


Ёдгории бостонии Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент аз замири чунин ёдгориҳои беназири ҷумҳурӣ мебошад, ки бо бозёфтҳову биноҳои нодири худ аз ҳунар, завқу ҳаваси меъмориву кулолгарии сокинони болооби водии Зарафшон дар ибтидои асрҳои миёна дарак медиҳад. Ёдгории аввали асримиёнагии Санҷаршоҳ дар деҳаи Суҷина, 12 км шарқтар аз шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ҷойгир буда, мутааллиқ ба асрҳои 5-9 мелодӣ мебошад. Новабаста аз он ки қисми зиёди ёдгориро солҳои 50-70-уми асри гузашта бо мақсади бунёди боғ масъулини онвақтаи деҳаи Суҷина ҳамвор кардаанд, бостоншиносон дар талоши равшан намудани асрори зери он нуҳуфта ҳастанд. То имрӯз дар ҳудуди ёдгорӣ 8 ҳафриёти бостонӣ таҳқиқ шудааст, ки дар натиҷа барои дарки сохтори шаҳрак, ҳунар ва фарҳанги моддии он маводи пурқимати таърихӣ ба даст омадаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шуруъ аз соли 2008 аз ҷониби бостоншиносони тоҷик ва шарикони хориҷии онҳо дар асоси шартномаи ҳамкории байни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти тадқиқоти Авруосиё дар ёдгории номбурда ҳафриёт гузаронида мешавад. Ҳафриёт то нимаи аввали моҳи июни соли равон идома хоҳад ёфт.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Май 28, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд