ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Се муштзани тоҷик ба даври дуюм роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд (Узбекистон) идома дорад. Рӯзи гузашта дар ин чемпионат Тоҷикистонро чаҳор муштзан — Парвиз Каримов (86 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Некрӯз Салимов (75 кг) ва Шаббос Неъматуллоев (80 кг) муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии бокс хабар медиҳад.
Дар вазни 86 кг Парвиз Каримов бо ҳисоби 5:0 бар муштзани эронӣ Амин Маҷнунӣ зафар ёфта, дар вазни 63,5 кг бо ҳамин ҳисоб Баҳодур Усмонов муштзани танзанӣ Алекс Исенди Мишелро мағлуб намуд
Илова бар ин Некрӯз Салимов дар вазни 75 кг дар даври аввал муштзани Ҷазираҳои Комор Мдахома Муҳаммадро мағлуб намуд.
Муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни 80 кг бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 1:4 аз муштзани озарбойҷонӣ Мурод Аллоҳвердиев мағлуб шуд
Имрӯз Абубакр Муродзода дар вазни 60 кг бо Дониёл Шоҳбахш ва Довуд Маҳкамов дар вазни 71 кг бо Максим Пилипек рақобат мекунанд.
Фонди умумии ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон 5,2 млн долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойҳои аввал дар ҳама намуди вазнҳо соҳиби 200 000 доллар, ҷойи дуюм 100 000 доллар ва ҷойи сеюм 50 000 доллар мешаванд.
АКС: Федератсияи байналмилалии бокс








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






