ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. Дар байни дастаҳои Лигаи олӣ ғолибони бозиҳои даври нуҳум муайян шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар ин давр 4 гол ба нишон расонида шуд. Дар ин даври мусобиқа пешсафони ҷадвали мусобиқот-дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Душанбе ғалаба карданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Рӯдакӣ мусовӣ бозӣ кард. Дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар шаҳри Душанбе баъди бозӣ имтиёзҳоро тақсим карданд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бохти дуюми пайиҳамро бо омадани сармураббии нав Нуъмон Ҳасанов ба қайд гирифт. Ин навбат дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар онро мағлуб кард.
Баъди натиҷагирии даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 17 имтиёз ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 16 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошанд. Дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ мутаносибан дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд. Дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода 9- имтиёзӣ дошта, пас аз онҳо дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар поёни ҷадвали мусобиқа ҷойгиранд.
Натиҷаи бозиҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ
| Б | Ғ | М | Б | Г-Г | Х | ||
| 1 | «Истиклол» (Душанбе) | 8 | 5 | 2 | 1 | 15-3 | 17 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 8 | 5 | 1 | 2 | 9-5 | 16 |
| 3 | «Хатлон» (Бохтар) | 8 | 4 | 0 | 4 | 7-14 | 12 |
| 4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 8 | 2 | 5 | 1 | 6-4 | 11 |
| 5 | «Файзканд» (Восеъ) | 8 | 2 | 4 | 2 | 13-10 | 10 |
| 6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 8 | 2 | 3 | 3 | 7-7 | 9 |
| 7 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзада ) | 8 | 2 | 3 | 3 | 10-11 | 9 |
| 8 | КМВА (Душанбе) | 8 | 1 | 5 | 2 | 5-6 | 8 |
| 9 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 8 | 2 | 1 | 5 | 9-14 | 7 |
| 10 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 8 | 1 | 4 | 3 | 6-13 | 7 |
Бозиҳои даври даҳуми Лигаи олӣ
18 май
Вақти бозиҳо соати 17:00
«Эсхата» – «Кӯктош»
«Регар-ТадАЗ» – КМВА
19 май
Вақти бозиҳо соати 17:00
«Равшан» – «Файзканд»
«Хуҷанд» – «Хатлон»
19 май
Вақти бозиҳо соати 18:30
«Истиқлол» – «Ҳосилот»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






