ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. Дар байни дастаҳои Лигаи олӣ ғолибони бозиҳои даври нуҳум муайян шуд

Май 17, 2023 17:06

ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври  нуҳуми  Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳои мамлакат  хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар ин давр 4 гол ба  нишон расонида шуд. Дар ин даври мусобиқа пешсафони ҷадвали мусобиқот-дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Душанбе  ғалаба карданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дастаи футболи  «Файзканд»-и  ноҳияи Восеъ  бо «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб дар ноҳияи Рӯдакӣ мусовӣ бозӣ кард. Дастаҳои  КМВА-и шаҳри Душанбе  ва  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  дар шаҳри Душанбе баъди бозӣ имтиёзҳоро тақсим карданд. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бохти дуюми пайиҳамро бо омадани сармураббии нав Нуъмон Ҳасанов ба қайд гирифт. Ин навбат дастаи футболи  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар   онро мағлуб кард.

Баъди натиҷагирии даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ    дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   бо 17 имтиёз  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо 16 имтиёз  садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошанд. Дастаҳои  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   ва  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ мутаносибан дар зинаҳои баъдӣ ҷой  гирифтаанд. Дастаҳои футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  9- имтиёзӣ дошта, пас аз онҳо  дастаҳои  КМВА-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд   дар поёни ҷадвали мусобиқа ҷойгиранд.

Натиҷаи  бозиҳо  дар ҷадвали    Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 

    Б Ғ М Б Г-Г Х
1 «Истиклол» (Душанбе) 8 5 2 1 15-3 17
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 8 5 1 2 9-5 16
3 «Хатлон» (Бохтар) 8 4 0 4 7-14 12
4 «Равшан» (Кӯлоб) 8 2 5 1 6-4 11
5 «Файзканд» (Восеъ) 8 2 4 2 13-10 10
6 «Ҳосилот» (Фархор) 8 2 3 3 7-7 9
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзада ) 8 2 3 3 10-11 9
8 КМВА (Душанбе) 8 1 5 2 5-6 8
9 «Куктош» (Рӯдакӣ) 8 2 1 5 9-14 7
10 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 1 4 3 6-13 7

 

Бозиҳои даври  даҳуми Лигаи олӣ

18 май

 Вақти бозиҳо соати  17:00 

«Эсхата» – «Кӯктош»

«Регар-ТадАЗ» – КМВА

19 май 

Вақти бозиҳо соати  17:00 

«Равшан» – «Файзканд»

«Хуҷанд» – «Хатлон»

19 май 

Вақти бозиҳо соати  18:30 

«Истиқлол» – «Ҳосилот»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 17, 2023 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
Дар Ню-Йорк оид ба иқдоми Тоҷикистон дар самти амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода шуд
«ОМӮЗГОРИ СОҲИБКАСБ — МИЛЛАТИ БОСАВОД». Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои маориф иштирок доранд
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
«Душанбе-Инвест 2023» ба ҷалби сармоя барои рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз ёфт
ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз дар Ҳисор байни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон бозӣ доир мешавад

Маводҳои таҳлилӣ