ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. «Равшан», «Файзканд» ва «Хатлон» дар бозиҳои даври ҳафтуми Лигаи олӣ ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳафтуми мавсими 32-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида, мухлисон дар ин давр шоҳиди бозиҳои ҷолибу диданӣ ва сергол шуданд. Дар ин давр 12 гол ба нишон расонида шуд.
Дар ин даври Чемпионати Тоҷикистон пешсафони ҷадвали мусобиқот дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ғолиб шуд. Дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд мусовӣ бозӣ карданд. Дар бозии дигари ин давр дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар мағлуб шуд.
Натиҷаи бозиҳои даври 7-ум:
«Ҳосилот» 1:0 КМВА
«Кӯктош» 1:1 «Хуҷанд»
«Равшан» 1:0 «Истиқлол»
«Файзканд» 5:1 «Регар-ТадАЗ»
КМВА 0:2 «Хатлон»
Пас аз натиҷагирии даври ҳафтуми мавсими 32-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 11 имтиёз ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 имтиёз ҳамоно садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошанд. Дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 9- имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.
Қобили тазаккур аст, ки дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода 8 имтиёзӣ доранду пас аз онҳо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 7 имтиёз мавқеъ гирифтааст. Дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо 4-имтиёзӣ дар поёни ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтаанд.
Натиҷаи бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ
«Хатлон» – «Кӯктош» – 1:4
Голҳо: Азизбек Султонов, 14 (0:1). Умарҷон Шарипов, 44 (1:1). Анани Жулиус Кваси, 71 (1:2). Алишер Шукуров, 85 (1:3). Сафиаллоҳи Назарзода, 90 (1:4).
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 2:0
Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 60 (1:0). Аминҷон Эргашев, 85 (2:0).
«Эсхата» – «Равшан» – 1:1
Голҳо: Ҷозеф Акомади, 87 (0:1). Санҷар Рисқибоев, 90+4 –аз пеналти (1:1).
«Хуҷанд» – «Файзканд» – 2:2
Голҳо: Дарко Бедов, 35 (1:0). Шавкати Ҳотам, 45 (1:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 45+3 (1:2). Дарко Бедов, 90+5 (2:2).
«Истиқлол» – КМВА – 0:0
Беҳтарин бозингарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5-голӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд») 4 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Бахтиёр Зарипов («Эсхата»), Тоҳир Малодустов («Равшан»), Мусиси Фароук («Ҳосилот»), Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ») ва Алишер Шукуров («Кӯктош») – бо 3-голӣ мавқеъ доранд
Қобили тазаккур аст, ки пас аз даври ҳафтуми Лигаи олӣ ҳоло Шавкати Ҳотам аз ҳайати дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо 6 гол ва Манучеҳр Ҷалилов аз ҳайати дастаи «Истиқлол» бо 5 гол беҳтарин нишонзани мусобиқот мебошанд.
Бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 4, 5 ва 10 май баргузор мегарданд.
Бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ
4 май | 17:00
«Хуҷанд» – КМВА
5 май | 17:00
«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»
«Эсхата» – «Файзканд»
10 май | 17:00
«Истиқлол» – «Хатлон»
«Равшан» – «Ҳосилот»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид






