ДАЛЕРӢ, ШУҶОАТ, ҶАВОНМАРДӢ. Рӯзгори осоиштаву амнияти давлат аз сиёсати башардӯстона ва хайрхоҳонаи Тоҷикистон маншаъ мегирад

Май 9, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир мавзуи Ватан ва соҳибватанӣ дар марҳилаи аввали андешаву гуфтор қарор дорад, зеро дар асри мо мафҳуми ватандӯстӣ аҳамияти ҳарчи бештар пайдо мекунад. Ва сабабаш шояд он муборизаҳои беамони сиёсӣ, набардҳои иттилоотӣ, ҷангҳои сард дар байни назарияву ҷаҳонбинии мухталифу муқобили ҳамдигар, мубориза барои ғояҳои сиёсӣ, бархӯрдҳои мазҳабӣ ва ғайра бошад. Имрӯз ҳар миллату ҳар қавм бояд сари мавҷудияти худ, пойдории ҳувияти худ, пойдории давлатдорӣ ва марзҳои Ватани худ биандешад. Мо бояд, шукри онро кунем, ки соҳибистиқлолему давлати худ — Тоҷикистони азизро дорем. Чунин ибрози андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

— Миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо аз рӯзҳои нахустини расидан ба Истиқлоли давлатӣ на танҳо пайи эҳёи тозаи худ гардид, балки корҳои бузургеро дар самти худшиносии миллӣ, эҳёи маънавиёти миллӣ, ваҳдати миллӣ, муқаддасоти миллӣ, ки сутунҳои асосии давлатдорӣ ҳастанд, пеш гирифта, дар роҳи  созандагиву бунёдкории нав қадамҳои устувор бардошт. Ва ин ҳама иқдому ташаббусҳои миллати тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои ватандӯсти он- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  натиҷаҳои  муфиду неки худро дода истодааст.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар қатори давлатҳои некбунёди ҷаҳони  муосир сиёсати неку башардӯстонаи худро пеш мебарад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Сиёсати  “дарҳои боз”-и давлати мо дӯстиву ҳамҷаворӣ  бо халқҳои оламро фаро гирифта, маҳбубияти миллати мо ва сарзамини моро дар арсаи ҷаҳонӣ афзун сохтааст.  Ва ин ҳама рӯзгори осоиштаву амнияти солими халқи мо ҳосили ҳамин сиёсати башардӯстонаву хайрхоҳонаи мамлакати мост. Ва хушбахтона, дар радифи ин ҳама созандагиҳо мо имрӯз  Артиши тавонои миллии худро дорем. Артиши дилпур, артиши аз ҳама ҷиҳат ҷиҳозонида ва омода, ки дар қатори артишҳои дигар давлатҳои тавонои сайёра борҳо дар машқҳои ҳарбӣ сарбаландона иштирок кардаву аз имтиҳонҳо гузаштааст ва ин мояи ифтихору сарбаландии мо аст.

Дар ҷаҳони пуртазоди муосир ҳеҷ миллату халқияте аз хатари таҷовузу зӯровариҳо барканор нест ва кафолати осоиштагиву амонии давлату халқи мо низ танҳо худи мо метавонем бошем. Чуноне ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, ки ҳеҷ каси дигар наметавонад пуштибони мо бошад, ҳеҷ каси дигаре Ватани моро обод намекунад, ҳаргиз бояд ба умеди дигарон нашуда, домани шарафу номуси  миллати худро қавитар бидорем. Танҳо ягонагӣ, ваҳдати миллӣ ва сар баровардан аз як гиребон метавонад кафили пойдории халқу давлати мо бошад, албатта, дар радифи Қувваҳои мусаллаҳи тавонои миллӣ бо руҳияи қавии ватандӯстона.

Вақте ки сухан аз ватандорӣ меравад, худ аз худ дар қатори истилоҳи ватандӯстӣ вожаҳои далерӣ, шуҷоат ва ҷавонмардӣ ба забон меоянд, зеро мазҳ ҳамин мафҳумҳо, тарбият дар ҳамин руҳия метавонад кафолати пирӯзиҳои мо дар ҷодаи соҳибватандӣ бошанд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон марҳилаи даъвати баҳории ҷавонон ба  сафи Артиши миллӣ барои ҳимояи Ватан идома дорад. Вақте сухан аз дифои Ватан, ҳимояи марзу буми мамлакат меравад, мо бояд бо  нангу номи шаҳрвандӣ ва инсонӣ сабақи додаи падарон ва суннати ватандӯстии онҳоро фаромӯш накунему ба он арҷ гузорем ва нишон диҳем, ки фарзандони содиқу сазовори ҳам Ватан ва ҳам падарони худ ҳастем. Ва ин дарси падарон, ин мактаби шуҷоату ҷавонмардӣ ҳамеша бояд дар ҳофизаи мо ва раҳнамои мо бошад.

Мардуми тоҷик ҳамеша аз садоқату шарафмандии фарзандони шуҷоъ ва ҷавонмарду  наҷибаш ифтихор мекунад. Мо аминем, ки ҷавонписарони шуҷоъ ва ватандӯсти мо, фарзандони шоистаи миллати некноми худ ҳастанд ва аллакай собит кардаанд, ки имрӯз барои дифои марзу буми муқаддаси давлати соҳибистиқлоли худ ҷоннисорона омадаанд. Ва якдилона имрӯзҳо дар маъракаи даъвати баҳорӣ дар майдонҳои комиссариати ҳарбӣ ҳозир омадани онҳо дар гӯшаҳои мухталифи мамлакат далели ин гуфтаҳо аст.

Дар хусуси он ки хидмат ба Ватан  ба ҷуз аз он ки қарзи фарзандӣ, шарафу номуси ҳар ҷавон аст, боз ҳаминро мехоҳам таъкид кунам, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ин мактаби бисёр даркориву муфид барои ҳар ҷавон мебошад. Мактабе, ки баъд аз хатми он ҳар ҷавон худро солиму ҷавонмард, соҳибиродаву чолоку омода ба ҳама ҳаводиси рӯзгор эҳсос мекунад, мактабе, ки наҷибтарин хислатҳоро дар фарзандони мо тарбият мекунад ва ин хислатҳо аз далерӣ, шуҷоат ва ҷавонмардӣ иборат мебошанд. Артиши миллӣ- мактабе аст, ки на фақат пайкару ҷисм, балки руҳия ва нангу номуси ватандӯстии моро низ тақвият мебахшад. Ва ин суханҳоро барои он бо дили пур мегӯям, ки банда дар замони худ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба сифати сарбоз хизмат карда будам ва медонам, ки ҳар ҷавон пас аз хотимаи хизмат дилпуртару тавонотар ва мустаҳкамтару солимтар дар ҷодаҳои ҳастӣ қадам мегузорад ва аз ҳама муҳим, соҳиби ирода ва руҳияи қавии инсонӣ мегардад.

Хулоса,  хизмати ҳарбӣ он мактабе аст, ки ҳар ҷавоне, ки худ ва Ватанро дӯст медорад, ҳурмат мекунаду арҷ мегузорад, барои манфиати худ, барои  манфиати Ватану хонаводаи худ бояд аз он гузарад. Баъдан фармӯш набояд кард, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ин  ҷавонмардона бархостан ба ҳимояи модари худ, Ватани худ, амнияти давлати худат аст, ки бе он осоиштагӣ дар Ватан вуҷуд дошта наметавонад.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Май 9, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд