Дар Чин аз минтақаи заминларза дар музофоти Юннан 11 ҳазор нафар кӯчонида шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Ҷумҳурии Мардумии Чин тақрибан 11 ҳазор нафарро аз минтақаи зилзила дар шаҳри Баошани музофоти Юннан дар ҷанубу ғарби кишвар ба ҷойи дигар кӯчониданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи чоршанбе рӯзномаи «Синтсзинбао» бо истинод ба ситоди маҳаллӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ хабар додааст.
Ба амалиёти наҷот 2,4 ҳазор нафар одам ҷалб карда шуд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар натиҷаи заминларза тақрибан 2,8 ҳазор бино осеб дидааст.
Мақомоти салоҳиятдор барои таъмини амнияти 38 ҳазор нафар тадбирҳои фаврӣ андешид. Барои онҳо 34 сарпаноҳи муваққатӣ ташкил карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи заминларза касе ҳалок нашудааст. Се нафар ҷароҳати сабук бардошта, ба наздиктарин беморхона интиқол ёфт.
Тавре маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин иттилоъ дод, рӯзи сешанбе дар километри 35-уми самти шимолу шарқи шаҳри Баошан, ки қариб 935 000 нафар аҳолӣ дорад, заминларза бо шиддати 5,3 дараҷа ба амал омад. Маркази он дар умқи 40 километр воқеъ буд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






