Дар Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд 18 ҳазор нафар иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Хуҷанд низ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 18 ҳазор нафар кормандони ташкилоту идора ва муассисаҳои шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод хабар дод.
Мусобиқаи мазкур аз даромадгоҳи хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, иштирокчиёни он тариқи ин хиёбон ва ба воситаи кӯчаи Султон Умаров, пул ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами миллӣ сабқат намуданд.
Ҳамчунин дар ин масир марафони велосипедронӣ низ доир шуд, ки дар он беш аз 1000 нафар дўстдорони ин намуди варзиш иштирок карданд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо «Диплом» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар ин маъракаи варзишӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, мақомоти қудратӣ ва идораву ташкилоти вилоятиву шаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд.
Қабл аз оғози Дави миллӣ иброз гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.Имсол он ба 21 май рост омад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






