Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба роҳҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҳамоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 май дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.
Дар ҳамоиш коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, доираи васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки аз равандҳои асосии ҷаҳонишавӣ сарчашма мегиранд, дар баробари зуҳури ҷараёнҳои пешқадам ба эҷоди зиддияти фикриву ақидавӣ сабаб мегарданд. Мутаассифона, имрӯзҳо гурӯҳҳову ташкилотҳои пайдо шудаанд, ки бо сӯиистифода аз номи дин ғояҳои мазмуни тундгароидоштаро талқин мекунанд, ки дар ниҳоят боиси зуҳури ифротгароии динӣ дар байни доираи васеи аҳолӣ мегардад.
Дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир», «Роҳу воситаҳои пешгирии ифротгароӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо» ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






