Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Май 30, 2023 10:45

КӮЛОБ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Масъалаи ташаккули ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ дар фалсафа ва илми муосир» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар»  дар Донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд. 

Пеш аз оғози конфронс намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс доир ба бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, саҳми мардуми шарифи тоҷик дар бунёдкориҳо ва муваффақияти донишгоҳ ёдоварӣ карда шуд.

Дар ҷараёни конфронс дар мавзуъҳои «Фалсафаи иттилоот: ҳолат ва дурнамо», «Илм дар асри XXI: проблемаҳо, андешаҳо ва моделҳои илмӣ», «Фалсафаи таҳсилоти муосир», «Ҷанги сард ва амнияти иттилоотӣ дар замони муосир», «Иттилоот ҳамчун проблемаи глобалӣ»  ва «Ҷаҳонишавӣ — зуҳуроти иҷтимоӣ ва бархурди он ба арзишҳои миллӣ» (ондайнӣ) маъруза карда шуд.

Пас аз ҷамъбаст кори конфронс дар ду бахш: «Иттилоот ва ҷаҳонбинӣ» ва «Нақши ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ» идома ёфт.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Май 30, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид