Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 май дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро – роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони шарикони рушд иштирок намуда, ҳисобот оид ба иҷрои Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 ва дархости вазорату идораҳо оид ба талабот ба кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол такмил ёфта, саҳми шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти гуногунҷанба назаррас мебошад.
Дар ҷаласа вобаста ба иҷрои Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023, аз ҷумла корҳои анҷомдода ва мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин ҷалби кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд маълумот манзур карда шуд.
Аъзои Шӯро вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда, инчунин муайян намудани тадбирҳои муосир барои амалӣ намудани Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






