Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар фестивали мазкур роҳбарияту намояндагони мақомоти шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Ва бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳанӯз дар ҳамон давра матоъҳои гуногунро гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуд ва он байни дигар мардумон маъруфу машҳур буд.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки мақсади асосии баргузории Фестивали атласу адрас арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифи фарҳанги миллӣ аст, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили атласу адрас, инчунин тарғиби санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.


Дар доираи баргузории Фестивал барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас беҳтарин либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ҳамзамон дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардид.



Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивали мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо «Диплом», «Сипоснома» ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки даври шаҳрии фестивал аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимӣ, кӯдакона, рӯзмарра, либосҳои идона ва намоиши либосҳои расмӣ иборат буда, аз ҷониби занону духтарон ва ҳунармандони пойтахт пешниҳод карда шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»













Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






