Дар Душанбе масъалаи ҳамкории илму маориф ва рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти маорифу рушди сайёҳӣ хеле назаррас аст. Ин нукта 5 май зимни мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насибахон Содиқӣ ва муовини раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба туризм ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ Наталя Костенко баён гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории судманд дар самти сайёҳӣ ва қонунгузорӣ таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва сайёҳию муҳоҷират сол аз сол заминаи хуб касб намуда, ҳамеша дар ҳоли рушд қарор доранд.
Байни ду давлат робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқа дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарони ҳар ду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин ҳангоми ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту суҳбатҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки зимни онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия ба таври мушаххас баррасӣ мегардад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






