Дар Душанбе масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода бо ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии рушди одилона, молия ва муассисаҳо хонум Лалита Мурти мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод.
Гуфта шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонки ҷаҳонӣ сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Зимни вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои таъмини рушди устувор ва суръатноки иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва кам намудани вобастагии мамлакат аз омилҳои берунӣ муҳокима карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани 30-солагии ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи июни имсол дар назар аст ва боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






