Дар Душанбе масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ баррасӣ карда шуд

Май 17, 2023 12:05

ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода бо ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии рушди одилона, молия ва муассисаҳо хонум Лалита Мурти мулоқот  намуд, ки зимни он масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод.

Гуфта шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонки ҷаҳонӣ сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадааст.

Зимни вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои таъмини рушди устувор ва суръатноки иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва кам намудани вобастагии мамлакат аз омилҳои берунӣ муҳокима карда шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани 30-солагии ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи июни имсол дар назар аст ва боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2023 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Рашт оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд