Дар Душанбе масъалаи рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурейхӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар вазорати номбурда хабар доданд.
Иброз гардид, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад ал-Сонӣ муносибатҳои ду мамлакат ба сатҳи баланд баромадааст.
Дар вохӯрӣ бо мақсади рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф карда шуд, ки бо истифода аз иқтидори зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Давлати Қатар лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ татбиқ гардад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






