Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани имконияти таъмини маъюбон бо шуғл ҳамоиш доир шуд

Май 11, 2023 19:22

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 май бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба «Беҳтар намудани имконияти бо шуғл таъмин намудани маъюбон ва ташкил намудани муҳити дастрас» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «масъалаи ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, пайваста барои дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.  Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи миллии амалҳо барои тасдиқ (ратификатсия) ва амалинамоии Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аз 10 марти соли 2022 Гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони сохторҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд таъсис дод.

Гуфта шуд, ки маъюбият  ҷузъи таркибии ҳолати инсон буда, қариб ҳар шахс дар ягон лаҳзаи зиндагӣ сустшавии муваққатӣ ё доимии фаъолиятро эҳсос менамояд. Маъюбият бештар гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро фаро гирифта, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дида мешавад. Мувофиқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон зиёда аз як миллиард нафар, яъне беш аз 15 фоизи аҳолӣ, аз  ҷумла беш аз 95 миллион кӯдак дорои ягон навъи маъюбӣ мебошад.

Тибқи  таҳлилҳои оморӣ, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор шахси дорои имконияти маҳдуд ба қайд гирифта шуда, аз онҳо беш аз 26 ҳазор нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати одамон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд дар даҳсолаи охир хеле дигаргун шуда, ин раванд аз шинохти  онҳо  ба ҳайси мафҳуми хайргиранда, гирандаи хизматрасонии тиббӣ ва кумакпулиҳо то қабули онҳо ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ расидааст.

Дар ҳамоиш муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, вакили Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ляззат Калтаева, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятиву байналмилалӣ иштирок доштанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 11, 2023 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд