Дар Душанбе оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо Малайзия вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати соҳибкорони Малайзия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои равобити дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе ташрифи меҳмононро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз густариши ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин дар бораи имконоти васеи ҳар ду ҷониб ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобила ва амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории судманд ибрози назар карданд.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси Душанбе








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






