Дар Хатлон бо иштироки беш аз 700 намояндаи насли ҷавон мулоқот доир гардид

Май 22, 2023 15:59

ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо беш аз 700 намояндаи ҷавонони вилоят доир шуд. Зимни он ба беш аз 40 ҷавони фаъол «Ифтихорнома», «Сипоснома» ва мукофот тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Роҳбари вилоят иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли ояндасози мамлакат таъкид менамоянд, ки «Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳад»,- тазаккур дод номбурда.

Мавсуф таъкид намуд, ки дар ҳақиқат, ҷавонони бонангу номуси вилояти Хатлон ба мактаби бузурги ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҷавонмардию созандагии Роҳбари давлат пайравӣ карда, дар ҳимояи марзу буми мамлакат, арзишҳои миллию давлатдорӣ ва ободонии меҳан саҳми шоиста гузошта истодаанд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаи ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳибихтисосу соҳибкасб гардидани онҳо ва мавқеи махсус пайдо намудани ин насл дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, пайваста ташаббусу иқдомҳои неку созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоянд.

«Дар замоне, ки технологияи муосир бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад, ҷалби ҷавонон ба донишомӯзӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин самт аз ҷониби Давлату Ҳукумати Тоҷикистон шароити муносиби таҳсилу кор фароҳам оварда мешавад», -гуфта шуд зимни ҳамоиш.

Изҳор гардид, ки танҳо ҷавонони донишманд ва соҳибмаърифат метавонанд ҳадафмандона бори нанги ватандориро бар дӯш гирифта, бо дониши қавӣ ва илму фарҳанг дар арсаи байналмилалӣ давлати соҳибистиқлоламонро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Маҳз ҷавонони фозилу хушахлоқ, дорои фарҳанги баланд ва ватандори асил ояндаи неки давлату миллати моро хоҳанд сохт ва чунин ҷавонон бо мавқеи устувори шаҳрвандиашон ба муқобили ҳама гуна ҳуҷумҳои иттилоотиву ғаразбори бадхоҳони миллат муқовимати қавӣ нишон медиҳанд.

Таъкид шуд, ки ҷавонони матиниродаи вилояти Хатлон дар сангарҳои вазнин барои ҳимояи ҳар ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ ҷонфидоӣ карда, шарафу номуси халқу Ватанро ҳифз намуданд. Онҳо ному корномаи худро дар дафтари таърихи миллат ҷовидонӣ сабт сохтанд. Корнамоию қаҳрамонӣ ва ҷоннисорию худфидоии онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешавад ва ватандӯстии онҳо ҳамчун мактаби амалии тарбияи насли наврасу ҷавон хизмат хоҳад кард.

Роҳбари вилоят ҳамзамон ба волидайни қаҳрамонони Ватан, ки ҳангоми ҳифзи марзу бум ва адои вазифаҳои хизматӣ далерию шуҷоатмандӣ нишон додаанд, изҳори сипос намуд.

Гуфта шуд, ки матонату иродат ва садоқатмандии ин ҷавонон дар ҳифзи Ватан дар саросари вилоят ба ҳамаи насли наврас омӯзонида шавад, то ин ки тухми муҳаббат ба ватану дӯстдории ин хоки муқаддаси аҷдодиро дар қалбашон бикорад.

Дар идомаи вохӯрӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

 

Май 22, 2023 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд
Музаффар Ашуриён: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад»
Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад
Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» оғоз гардид
Дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия дар мавзуи рушди саноатикунонии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд