Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш бозёфтҳои асри санг намоиш дода шуд

Май 25, 2023 20:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши бозёфтҳои сангии асри санг, ки аз бошишгоҳҳои Кӯлдара, Лоҳутӣ, Хонақо, Оби Мазори ноҳияи Ховалинг ва Қаратоғи ноҳияи Ёвон ёфт шудаанд,   баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои мамлакат.

Дар намоиш олимони Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Русия, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, Донишгоҳи техникии Дания, Донишгоҳи давлатии Гургени Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Зимни намоиш бори дигар таъкид гардид, ки бошишгоҳҳои палеолити зардхоки Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг қадимтарин масканҳои одамони ибтидоӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба андешаи мутахассисон,  натиҷаи корҳои ҳафриётӣ фарзияро дар бораи  дар яке аз роҳҳои қадимтарини паҳншавии одамони ибтидоӣ ҷой доштани бошишгоҳҳои мазкур тақвият мебахшад.

Мақсадии асосии намоиш муаррифии бозёфтҳои асри санг, махсусан давраи палеолит, ҷалби олимони хориҷӣ дар омӯзиши ёдгориҳои зикршуда ва тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ  ҷиҳати омӯзиши бошишгоҳҳои асри санги ҷумҳурӣ мебошад.

Ёдовар мешаваем, ки аз 1 то 30 май мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш дар якҷоягӣ бо олимони Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи техникии  Дания, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Русия ва Донишгоҳи шаҳри Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба омӯзиши давраи асри санги Тоҷикистон, ки якчанд бошишгоҳи ин давра дар ноҳияи Ховалинг мавҷуд аст, корҳои бостоншиносӣ мегузаронанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 25, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид