Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли тамоку бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 29.05.2023/АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ «Данғара» корхонаи истеҳсоли тамоку сохта мешавад. Дар ин иртибот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «ОКСУС ИНТЕРАЗИЯ FZCO» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ОКСУС ИНТЕРАЗИЯ FZCO» тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷии ширкати «Interasia FZCO» дар ҳаҷми 20,0 миллион доллари амрикоӣ корхонаи истеҳсоли тамокуро дар МОИ «Данғара» бо фарогирии 78 ҷойи кории нав сохта ба истифода диҳад.
Ин иқдом дар татбиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва амалӣ намудани яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -саноатикунонии мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






