Дар ноҳияи Роштқалъа шумораи коргоҳҳои хурди ресандагию бофандагӣ зиёд карда мешавад
ХОРУҒ, 14.05.2003. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи корхонаҳои хурди ресандагию бофандагӣ дар деҳаи дурдасти Сежди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чаҳор адад расид. Дар ҳар яке аз ин корхонаҳо аз 15 то 20 нафар занони ҳунарманди деҳа кор карда, аз пашми бузи тибетӣ ва гӯсфандҳои маҳаллӣ маҳсулоти гуногун тавлид мекунанд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар додааст.
Раҳима Шириншоева, коргари яке аз ин коргоҳҳои хурд гуфт, ки “ҳоло таваҷҷуҳи занону духтарони ҳунарманд ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бамаротиб афзудааст. Тавассути таъсиси коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ дар як деҳаи мо зиёда аз 70 зану духтари бешуғл бо ҷойи кор таъмин шуд. Аксари занон қаблан низ дар хона ба ресандагию бофандагӣ машғул буданд ва аз ин ҳисоб ризқу рӯзии худро пайдо менамуданд, аммо ин ҷо шароит барои эҷоди ҳар гуна ҳунарҳои дастӣ хеле мусоид аст. Аз сӯи дигар, вақти мо низ хеле хуш мегузарад. Маъмурияти коргоҳ маҳсулоти моро ба фурӯш мегузорад ва моҳонаи моро сари вақт пардохт менамояд”.
Яке аз дигар занони ҳунарманди ин коргоҳ Дунёбегим Худодова, ки солҳои зиёд ба ресандагию бофандагӣ машғул аст, бунёди чунин коргоҳҳоро барои деҳотиён хеле муҳим мешуморад ва мегӯяд, ки “аксари сокинони деҳот аз ҳисоби фурӯши пашми чорвояшон соҳиби маблағ мегарданд. Аз ин рӯ соҳаи чорводорӣ, ки чанд даҳсола пеш дар ҳоли рукуд буд, дубора рӯ ба тараққӣ овард. Ҳунари мардумӣ беҳтарин навъи санъату фарҳанг аст ва ба ҳаёт, кору рӯзгори мардум робитаи қавӣ дорад. Ин ҳунарҳои аз аҷдодон ба меросмонда ҳамеша аз эҳсоси баланди зебоипарастии миллати мо башорат медиҳанд ва таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд. Аз нисф бештари маҳсулоти мо ба хориҷи мамлакат фурӯхта мешавад”.
Як анъанаи хуби ин коргоҳҳо боз он аст, ки бо хонандагони муассисаҳои таълимии деҳоти атроф робита барқарор намуда, пас аз дарс ба онҳо ҳунари ресандагию бофандагиро ёд медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад






