Дар Ню-Йорк беш аз 3 ҳазор силоҳ тибқи барномаи табодул бо кортҳои туҳфавӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар иёлати Ню-Йорк беш аз 3000 аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла туфангча ва аслиҳаи худсохт дар доираи барномаи махсус супорида шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи телевизионии ABC News бо истинод ба изҳороти Прокурори генералии иёлат Летитсия Ҷеймс хабар додааст.
Ҳадаф аз ин иқдом- коҳиш додани теъдоди силоҳ дар дасти мардум ва ба ин васила кам намудани шумораи ҷиноятҳои хушунатомез бо истифода аз силоҳи оташфишон мебошад. Барнома аз аҳолӣ қабул кардани яроқро бар ивази кортҳои туҳфа дар назар дорад.
Илова бар ин, барои силоҳ ё ашёи антиқӣ, ки дар 3D чоп карда шудаанд, мукофот дода мешавад.
Туфангчаҳо ва милтиқҳоро дар нуҳ макони иёлат, аз ҷумла ду ҷой дар Ню Йорк супоридан мумкин аст.
Масалан, дар шаҳри Сиракюс (Сиракузи) 751 адад яроқ супурда шудааст. Дар ин маҳалла дар чаҳор моҳи аввали соли 2023 133 фоиз афзоиш ёфтани куштор мушоҳида мешавад. Дар мактаби католикии Бруклин дар се соати аввал 90 аслиҳа супурда шуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






