Дар Офтоб доғи сиёҳе пайдо шудааст, ки аз Замин калонтар мебошад
ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар сатҳи Офтоб доғи сиёҳе пайдо шудааст, ки андозаи он аз Замин чор маротиба калонтар мебошад, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Ladbible.com.
Иттилоъ шудааст, ки доғ ба қадри кофӣ калон буда, онро бе истифодаи ягон асбоб дидан мумкин аст.
Худи доғҳои Офтоб шояд мушкилӣ надошта бошанд, аммо онҳо метавонанд башоратдиҳандаи ягон хатари бузург бошанд.
Доғи офтоб -ин доираи сатҳи Офтоб мебошад, ки нисбат ба мавзеъҳои атрофи ситора хунуктар аст. Доғҳои офтобӣ хеле маъмул мебошанд, зеро миқдори зиёди неру дар дохили Офтоб метавонад онро хеле ноустувор гардонад.
Доғҳои Офтоб баъзан бо алангаҳои офтобӣ, партобҳои азими фотонҳо аз сатҳи Офтоб ба фазо алоқаманд мебошанд. Баъзеи онҳо метавонанд аз Замин чанд маротиба калонтар бошанд ва ба фаъолияти дастгоҳҳои электронӣ халал расонанд. Ин маънои онро дорад, ки алангаи махсусан номувофиқи офтобӣ метавонад сабаби қатъи неруи барқ дар саросари ҷаҳон гардид.
Дурахши офтобӣ бояд дар он тарафи Офтоб, ки ба Замин рӯ ба рӯ аст, ба амал ояд, то чунин хатарро нишон диҳад. Доғҳои Офтоб метавонанд нишонаи хуруҷи он бошанд, зеро онҳо нишон медиҳанд, ки як қисми сатҳи Офтоб махсусан тағйирёбанда аст.
Бузургтарин оташакҳоро алангаҳои таснифи X меноманд ва онҳо дар ҳақиқат бузург мебошанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






