Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба заврақронӣ байни наврасону ҷавонон доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба заврақронӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008, 2009 ва хурд оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Мусобиқа дар дарёи «Сир»-и шаҳр гузаронида шуда, дар он зиёда аз 80 мухлиси ин намуди варзиш иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии заврақронӣ доир гардида, дар масофаҳои К-1 200м, К-1 500м, К-1 1000м, С-1 200м, С-1 500, С-1 1000м ва масофаҳои К-2 500м, 1000м, С-2 500м,1000м байни духтарон ва писарон аз рўи барномаи ВП-1 гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузори мусобиқа- тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди қаиқронӣ, ҷалби бештари омма ба ин намуд, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонон ба ҳисоб меравад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






