Дар шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойи кор баргузор шуд
КӮЛОБ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб барои аҳолии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор шуд, ки дар он ба 10 нафар барои кор роҳхат дода шуда, 20 нафари дигар ба касбомӯзӣ равона карда шуд.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб иброз дошт, «дар асоси барномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва барқияи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон бо мақсади бо ҷои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва корҷӯй ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуд».
Дар ярмарка 200 шаҳрванд иштирок намуд ва аз тарафи 73 ташкилоту муассиса ва корхона 134 ҷойи кор пешниҳод гардид.
Агентӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҷавондухтаронро бештар ба омӯзиши қуроқдӯзӣ, ҷуроббофӣ, чакандӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ ҷалб намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






