Дар шаҳри Панҷакент мушкили норасоии оби полезӣ бартараф гардид

Май 8, 2023 19:10

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент бо мақсади бартарафсозии мушкили норасоии оби полезӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Баъди шинос шудан бо мушкилӣ ва дар натиҷаи баррасии гурӯҳи корӣ муайян гардид, ки бинобар паст будани сатҳи об дар манбаъҳои худҷории дарёҳои Киштӯд ва Моғиён дар каналҳои обрасони Марғедар, Халифа​ Ҳасан, Тӯхсан-корез ва Эшон оби полезӣ кам гардида, норасоии об ба миён омадааст.

Бо дастгирии роҳбарияти вилоят пойгоҳи обкашии «Нилуфар-1» ва дастгоҳҳои дигари пойгоҳҳои обкашӣ фаъол гардида, заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла киштзорони Ҷамоати деҳоти Саразм бо​ оби полезӣ таъмин карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 8, 2023 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид