Дар Суғд қабули мева барои истеҳсол кардани афшура оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» қабули мева барои мавсими имсола оғоз гардид ва корхона метавонад аз боғдорон меваҳоро харидорӣ ва коркард намояд. Дар ин бора зимни шиносоии роҳбарияти вилояти Суғд бо фаъолияти корхона маълумот дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар доданд.
Бино ба иттилои масъулин, дар корхона коркарди мева ва истеҳсоли афшураҳои гуногун чанд сол аст, ки идома дошта, имсол қабули мева оғоз гардид. Ҳамарӯза аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки иқлими нисбатан гарм дорад, зиёда аз 20 тонна зардолу қабул карда шуда, дар назар аст, ки соли равон 5 ҳазор тонна зардолу коркард гардад. Корхона имсол дар маҷмуъ беш аз 25 ҳазор тонна меваҳои гуногунро қабул ва коркард мекунад. Аз ин рӯ боғдорони вилоят метавонанд барои ҳамкорӣ ба корхона муроҷиат намуда, меваҳои худро фурӯшанд.
Бояд гуфт, ки корхонаи маъруфи «Оби зулол» соли 2000 мавриди истифода қарор дода шуда, яке аз корхонаҳои калонтарини саноатии шаҳри Истаравшан ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» 10 гектарро ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти ҷамъият истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли мураббо, афшураҳои мевагӣ ва истеҳсоли ғизои кӯдаконаро дар бар мегирад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






