Дар Тоҷикистон меъёрҳои сифат ва бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он ба танзим дароварда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии Тоҷикстандарт дар робита ба таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регламенти техникии «Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он»» бо иштироки масъулин аз Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони корхонаи истеҳсолӣ ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур.
Зимни он гуфта шуд, ки Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регламенти техникии «Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он»» тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» таҳия гардидааст.
Мақсади асосии таҳияи регламенти техникӣ- ин ба танзим даровардани меъёрҳои сифат ва бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он мебошад.
«Регламенти техникии мазкур равандҳои ҳатмии татбиқ ва таъмини талаботро нисбат ба маҳсулоти парандаи забҳшудаи дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта ва маҳсулоти коркарди он, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, талабот нисбат ба равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, (боркашонӣ), фурӯш ва нобудсозӣ, инчунин талабот ба тамғагузорӣ ва бастабандии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркарди онро барои таъмини раванди озоди онҳо дар доираи муомилот муқаррар менамояд», -гуфта шуд дар ҳамоиш.
Лоиҳаи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор қаблан ирсол гардида, нисбат ба он Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлия таклифу пешниҳод ирсол намудаанд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои шашмоҳаи якуми соли 2023 таҳия ва барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардида буд.
АКС: Агентии Тоҷикстандарт








Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд






