Дастаи «Равшан» дар бозии даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар доираи бозиҳои охир ва марказии даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳам рақобат намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 6 200 мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.
Амирҷон Сафаров, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе гол зада буд, дар ин вохӯрии ҳам нахустин шуда, тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуд. Бо гузашти 2 дақиқа Фатҳулло Олимзода голи дуюми дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро ба нишон расонид.
Пас аз 2 дақиқа Шервонӣ Мабатшоев аз ирсоли головари Алишер Ҷалилов истифода намуда, ҳисоби бозиро 1 бар 2 кард.
Хотиррасон мешавем, ки бо ин ғалаба дастпарварони Тоир Муминов бо касби 20 имтиёз ба зинаи 2-юми ҷадвали мусобиқот баромаданд. Ин ғалабаи 3-юми футболбозони шаҳри Кӯлоб ба муқобили дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мавсими имсола мебошад. Пас аз бохт дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 23 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот боқӣ монд.
Натиҷаҳои бозиҳои даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ:
«Эсхата» – «Ҳосилот» – 2:1
«Регар-ТадАЗ» – «Файзканд» – 0:0
«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 1:2
«Хатлон» – КМВА – 0:3
«Истиқлол» – «Равшан» – 1:2
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






