ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Беш аз 150 хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими гусели беш аз 150 хатмкунандаи донишгоҳ, ки бо амри дил барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта буданд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ҷавонони далеру шуҷои донишгоҳ бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз давлату миллат ба ҳимояи Ватан-Модар омодагии худро баён дошта, баҳри адо намудани қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ равон гаштанд.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, имсол ба таъсиси он сӣ сол пур шуд. Артиши миллӣ давоми се даҳсола бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоно ва пуриқтидор табдил ёфта, аз имтиҳони сангин гузаштааст.
Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамаҷиҳата рушду такомул ёфта, бо навтарин яроқу аслиҳаи ҷангӣ таъмин мебошанд. Дар он барои хизматчиёни ҳарбӣ муосиртарин шароити буду бош фароҳам оварда шудааст. Сафи Артиши миллиро ҷавонони ҷасуру далери Ватан пурра намуда, омодагии худро баҳри дифои ин сарзамини аҷдодӣ баён медоранд. Ҳамасола хатмкунандагони донишгоҳ ба сафи Артиши миллии мамлакат ҷалб гардида, рисолати ҷавонмардӣ ва қарзи шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд






