«ДАВЛАТИ АЗ ВАРАҶА ОЗОД». Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сертификат тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар дафтари марказии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар доираи иштирок дар ҷашн бахшида ба 75-солагии ин созмони бонуфуз ва ҷаласаи 76-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат хабар доданд.
Дар идомаи вохӯрӣ дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати «Давлати аз вараҷа озод» тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи 31 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин вохӯрии нахустини роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ин ташкилоти бонуфуз ба шумор меравад.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории дуҷониба ибрози ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






