Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ даври омӯзишӣ оғоз ёфт

Май 1, 2023 19:35

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» даври такмили ихтисос ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.

Барои раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби омӯзгорон ва мутахассисони соҳа дар мавзуъҳои муаррифии Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ҳуқуқ ва вазифаҳои истифодабарандагони замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ҳангоми истифодаи замин ва ғайра машғулият гузаронида мешавад.

Дар ҷамъбасти даври такмили ихтисос дар мавзуи «Истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» ҳамоиш доир карда мешавад.

Шунавандагони даври омӯзишӣ баъд аз суҳбат-санҷиш соҳиби гувоҳнома мегарданд.

Дар ифтитоҳи даври такмили ихтисос роҳбарони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2023 19:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст