ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Дар шаҳри Хоруғ бо падару модарони хонандагон вохӯрӣ доир шуд

Май 26, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати риояи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо волидайни хонандагон вохўрӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хоруғ.

Вохўрӣ бо иштироки намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ,  гурўҳи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ, инчунин  ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ВМКБ бо падару модарони хонандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

Масъулин ба волидони хонандагон тавсия доданд, ки  вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиии худро хуб дарк намуда, фарзандонро бо роҳи рост, омӯзиши илму ҳунар ва ободониву созандагии Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳидоят намоянд.

Гуфта шуд, ки соли хониш ба охир расида, хонандагон ба истироҳати тобистона мебароянд ва волидайн бояд кўшиш намоянд, ки  фарзандонро беназорат нагузошта, барои босамар гузаронидани таътил,  дар тартиб додани реҷаи рўзи онҳо  кумак расонанд. Талош намоянд, ки фарзандон дар ин давра ба бозиҳои варзишӣ, тамрин, сайру сайёҳат дар мавзеъҳои таърихӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ ва дигар амалҳои муфид  машғул шаванд.

«Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти онҳо масъулият ва вазифаи аввалиндараҷаи падару модар дар назди ҷомеа, миллату давлат мебошад», — иброз доштанд иштирокчиёни вохӯрӣ.

Тазаккур дода шуд, ки волидон бояд аз ду ниҳод мактаб ва ҷомеа дида,  бештар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ намоянд ва онҳоро ба интихоб намудани касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯй равона намоянд.

Дар интиҳои вохӯрӣ ба волидайни гирандагони стипендияи Президентӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ тақдим гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хоруғ

Май 26, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид