ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Дар шаҳри Хоруғ бо падару модарони хонандагон вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо волидайни хонандагон вохўрӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хоруғ.
Вохўрӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, гурўҳи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ, инчунин ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ВМКБ бо падару модарони хонандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Масъулин ба волидони хонандагон тавсия доданд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиии худро хуб дарк намуда, фарзандонро бо роҳи рост, омӯзиши илму ҳунар ва ободониву созандагии Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳидоят намоянд.
Гуфта шуд, ки соли хониш ба охир расида, хонандагон ба истироҳати тобистона мебароянд ва волидайн бояд кўшиш намоянд, ки фарзандонро беназорат нагузошта, барои босамар гузаронидани таътил, дар тартиб додани реҷаи рўзи онҳо кумак расонанд. Талош намоянд, ки фарзандон дар ин давра ба бозиҳои варзишӣ, тамрин, сайру сайёҳат дар мавзеъҳои таърихӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ ва дигар амалҳои муфид машғул шаванд.
«Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти онҳо масъулият ва вазифаи аввалиндараҷаи падару модар дар назди ҷомеа, миллату давлат мебошад», — иброз доштанд иштирокчиёни вохӯрӣ.
Тазаккур дода шуд, ки волидон бояд аз ду ниҳод мактаб ва ҷомеа дида, бештар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ намоянд ва онҳоро ба интихоб намудани касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯй равона намоянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба волидайни гирандагони стипендияи Президентӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ тақдим гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хоруғ








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






