ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона мегузаронад
ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол, ки моҳи сентябр дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 иштирок менамояд, бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
15 ва 19 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода рақобатҳои санҷишӣ байни дастаҳои олимпии Тоҷикистон ва Ҳонконг баргузор мешаванд. Бозиҳо соати 17:30 оғоз мегарданд.
Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегарданд.
Ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойи дуюм соҳиби роҳхат ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 мешаванд, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мегардад.
Бозиҳои дӯстона
15 июн (панҷшанбе)
Оғоз – соати 17:30
ТОҶИКИСТОН (U-23) – Ҳонконг (U-23)
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
19 июн (душанбе)
Оғоз – соати 17:30
ТОҶИКИСТОН (U-23) – Ҳонконг (U-23)
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд






