ФУТБОЛ. Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбола баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон 13 дастаи Лигаи якум иштирок мекунад. Дар натиҷаи қуръакашӣ шаш ҷуфт муайян шуд: «Истаравшан» – «Душанбе», «Шодмон» – «Парвоз», «Сарҳадчӣ» – «Моҳир», «Гулистон» – «Барқчӣ», «Ҳулбук» – «Панҷшер» ва «Саройкамар» – «Ориён». Ғолиби ҷуфти «Саройкамар» – «Ориён» дар даври дуюми марҳилаи муқаддамотӣ бо «Равшан»-и Зафаробод вомехӯрад.
Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2023 аз як бозӣ иборат буда, 31 май ва 1 июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки онҷо бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба мубориза ҳамроҳ мегарданд.
Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2023 ҳуқуқи муаррифии давлати моро дар Ҷоми КФО-2024/2025 ба даст меорад. Агар як бошгоҳ ҳам чемпиони Тоҷикистон ва ҳам соҳиби Ҷоми мамлакат шавад, пас барандаи медали нуқраи Лигаи олии Тоҷикистон ба Ҷоми КФО роҳ меёбад.
Ҷоми Тоҷикистон-2023
Марҳилаи муқаддамотӣ
31 май – 1 июн (чоршанбе, панҷшанбе)
«Истаравшан» – «Душанбе»
«Шодмон» – «Парвоз»
«Сарҳадчӣ» – «Моҳир»
«Гулистон» – «Барқчӣ»
«Ҳулбук» – «Панҷшер»
«Саройкамар» – «Ориён»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






