ФУТЗАЛ. Имрӯз «Соро компания» ва «Истиқлол» барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2023 бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 май «Соро компания» ва «Истиқлол» барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2023 бозӣ менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе қаблан ду маротиба- солҳои 2021-2022 барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардида буд. Қобили тазаккур аст, ки дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе соли 2022 се ҷоиза ба даст овард. Пас аз пирӯзӣ дар Суперҷоми Тоҷикистон ва Суперлигаи Тоҷикистон дастаи Пайрав Воҳидов барандаи Ҷоми Тоҷикистон низ гардид.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2022 дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 бар дастаи «Амонатбонк» бо ҳисоби калони 5:0 пирӯз шуда буд.
Самандар Ризомов беҳтарин бозингари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 эътироф шуд. Беҳтарин дарвозабони мусобиқа дарвозабони эронии дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Маҳдӣ Мустафоӣ гардид.
Бояд гуфт, ки дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе барандаи секаратаи Ҷоми Тоҷикистон аст. Қаблан дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе солҳои 2020 ва 2021 соҳиби ин ҷоиза шуда буд.
Суперҷоми Тоҷикистон-2023
«Соро компания» — «Истиқлол»
13 май | 19:00
Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






