ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дзюдочиёни зиёда аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд

Май 30, 2023 11:34

ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дзюдочиёни беш аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон барои иштирок дар Гран-прии Душанбе-2023, ки 2-4 июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

То имрӯз барои иштирок дар он 313 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон аз панҷ қитъа сабти ном шудааст. Шумораи бештари варзишгарон аз Аврупо (143) ва Осиё (145) номнавис гардидааст.

Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар (28 мард, 6 зан) муаррифӣ менамояд.

Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600), ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400), ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

Бояд тазаккур дод, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро соҳиб гардид.

Гран-при оид ба ҷудо ҳар мавсим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Пеш аз Бозиҳои олимпӣ баъзе Гран-приҳо дорои иҷозатнома мебошанд, ки дар он варзишгарон дар рейтинги олимпӣ соҳиби холҳо мешаванд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Май 30, 2023 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд