ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад

Май 29, 2023 14:29

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Сайри ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо 2-4 июн дар пойтахти Тоҷикистон Гран-прии Душанбе-2023 баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

То имрӯз барои иштирок дар он 319 варзишгар аз 43 кишвари ҷаҳон сабти ном шудааст. Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар (28 мард, 6 зан) муаррифӣ менамоянд.

Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба раддабандии варзишгарон хол илова мекунад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600), ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400), ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

Бояд тазаккур дод, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро соҳиб гардид.

Гран-при оид ба ҷудо ҳар мавсим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Пеш аз Бозиҳои олимпӣ баъзе Гран-приҳо дорои иҷозатнома мебошанд, ки дар он варзишгарон дар рейтинги олимпӣ соҳиби холҳо мешаванд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

 

Май 29, 2023 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд