Гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм дар мактабҳои ноҳияи Ховалинг баъзе камбудиҳоро ошкор намуд

Май 19, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 19.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон шинос шуд. Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки дар баъзе муассисаҳо бархе аз хонандагон дар дарс иштирок накарда, баъзеи дигар бе китоби дарсӣ ҳузур доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Нахуст зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Шехмизон маълум гардид, ки дар муассиса 343 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 24 омӯзгор ба онҳо дарс мегӯяд. Муассиса аз ду бинои таълимии навсохт (як бинои якошёна ва як бинои дуошёна) иборат буда, дорои 11 синфхона мебошад.

Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм бо ҷараёни дарсгузарӣ дар синфхонаҳо шинос гардид. Ҳангоми ворид шудан ба синфи 11«А» маълум гардид, ки аз 17 хонанда 15 нафар дар синф ҳузур дорад. 16 хонандаи ин синф ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридааст. Вазъи рӯзномадории хонандагон чандон қонеъкунанда набуда, падару модарон чанд ҳафта ба рӯзномаҳо имзо нагузоштаанд.

Масъалаи дигар- ин наовардани китобҳои дарсӣ бо худ буд. Новобаста ба он ки тибқи ҷадвали дарсӣ имрӯз хонандагон 5 соат дарс доштанд, хонандагон китобҳои дарсӣ надоштанд.

Мутаассифона, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ховалинг то имрӯз омӯзгорон музди меҳнати моҳи апрелро нагирифтаанд.

Зимни суҳбат бо омӯзгорон ҷиҳати бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, ҷалби падару модарон ба тафтиши рӯзномаҳои хонандагон, беҳтар фаъолият намудани созмонҳои талабагӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону омӯзгорон, иштироки хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои гуногун, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, муаррифӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат андешаронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идома роҳбарияти вазорат аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ба номи Гадозода Салоҳиддини деҳаи Ҷомбахт дидан намуда, бо фаъолият ва пойгоҳи моддиву методии муассиса шинос шуд. Иттиллоъ дода шуд, ки бинои муассиса соли 2018 сохта шуда, дорои 8 синфхона мебошад ва дар он 34 омӯзгор ба 284 хонанда дар ду баст дарс мегӯяд.

Зимни шиносоӣ бо рафти дарсгузарӣ дар синфҳои 9 «А» ва 11 «А» маълум гардид, ки хонандагон бо маводи зарурии таълим таъмин мебошанд. Вале фарши шикастаи синфхонаҳо, мизу курсиҳои шикаста ба самаранокии раванди таълим халал мерасонад. Дарси тарбияи ҷисмонӣ берун аз барномаи дарсӣ гузаронида шуда, ҷараёни дарсгузарӣ дар дигар синфҳоро халалдор намудааст.

Зимни суҳбати озод ва самимӣ бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ, асосан масъалаи аттестатсияи давлатии хатм мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба вазъи омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» изҳори назар карда шуд.

Ба масъулин ва омӯзгорон гуфта шуд, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар корманди соҳаи маориф аст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд