Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад

Ноябрь 2, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло  Асрорзода бо раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Музаффарӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои ташкили ҳамкориро дар самтҳои таҳсилоти олӣ, илм, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос мавриди баррасӣ қарор доданд.

Убайдулло  Асрорзода аҳамияти рушди ҳамкории илмӣ-таълимиро бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуда, изҳор дошт, ки истифодаи имконияти мавҷудаи ду кишвар метавонад ба тавсеаи робитаҳои академӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон мусоидат намояд.

Дар мулоқот ба масъалаҳои ҳамкории мустақим бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавӣ, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои илмӣ ва ҷалби мутахассисони соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иброз гардид, ки робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии Тоҷикистону Эрон барои густариши ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти таҳкими робитаҳои мутақобили судманд ва рушди ҳамкории амалӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои дахлдори вилояти Хуросони Разавиро баён намуданд.

       

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 2, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»