Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 2, 2026 16:22

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба таъмини иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи нави халқи тоҷик аст. Ин ҷашни муқаддас соҳибихтиёрии давлат, Ваҳдати миллӣ ва озодии ҳар шаҳрванди мамлакатро таҷассум менамояд.

«Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик ҳамчун рамзи озодӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аҳаммияти бузург дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақияти назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид», -афзуд Эмомалӣ Насриддинзода.

Изҳор гардид, ки мақсади асосии таҷлили ин санаи муҳим, ки соли 2031 фаро мерасад, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа мебошад.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки мардуми сарбаланди мамлакат ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои шоён ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Аз ҷумла, давоми панҷ соли сипаригардида бо заҳмату талош, ташаббусҳои хайрхоҳонаи шаҳрвандон, соҳибкорони эҳсонкору ватандӯст дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, зиёда аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин изҳор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла истиқлолу озодӣ, ватансозиву давлатсозӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиро аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлату Ҳукумат муайян намудаанд.

Ҳамзамон иштирокдорон доир ба баланд бардоштани фарҳанги истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқ ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба шумор рафта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисодӣ равона шудааст.

Таъкид  карда шуд, ки сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ на танҳо омили муҳими иқтисодӣ, балки нишонаи фарҳанги баланди шаҳрвандӣ низ ба ҳисоб рафта, истифодаи оқилонаи барқ ба коҳиши талафоти неруи барқ, таъмини босифати аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Самаранок истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 2, 2026 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид