Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд

Ноябрь 1, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ғолибони даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии  «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» қадршиносӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» донишҷӯи курси дуюми факултети химия ва биология Дилшодҷони Шоҳмурод дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Сафар Холиқзода сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ мушарраф шуд.

Донишҷӯи курси панҷуми ҳамин факултет Сайфуллои Муродалӣ дар номинатсияи «Биология» ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психология дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» Анвар Шарипов ба натиҷаҳои шоиста ноил гардида, бо ифтихорномаҳои Кумитаи тадорукоти озмун сарфароз шуданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Зира Қурбонова таҳти роҳбарии дотсент, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Меҳрафрӯз Холмуродзода сазовори ҷойи сеюм гардид.

Инчунин донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи рус Тахмина Самадова барои иштироки фаъолона дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо Ифтихорномаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуд.

Дар маросими тантанавии қадршиносӣ раёсати донишгоҳ ба ғолибони ҷойи сеюми озмунҳо ба маблағи 5000 сомонӣ ва ба роҳбарони онҳо ба андозаи як маоши вазифавӣ мукофотпулӣ тақдим намуд. Ҳамзамон ба дигар иштирокдорони фаъоли озмунҳо барои ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии заҳмату талошҳояшон мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ супорида шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ноябрь 1, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ниҳоди президентӣ ва рушди давлатдории миллӣ конференсия доир шуд
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон китоби дарсии «Сарваршиносӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Вена Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) баргузор гардид