«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар Душанбе ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо сохторҳои қудратии мамлакат ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавоноин Тоҷикистон (23 май) дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст!» ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.
Дар ҳамоиш афсарону сарбозон аз ҳисоби қисмҳои ҳарбии вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллӣ, шоирону адибон, раисони Шӯрои собиқадорон, ҷавонони синни тодаъватӣ иштирок намуданд.
Роҳбарияти кумита иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, изҳор доштанд, ки хизматҳои шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин буда, нақши онҳо дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот, таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ назаррас мебошад.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки баъд аз ҳазор сол мо – тоҷикон соҳиби давлат ва истиқлол гардидем ва яке аз рукнҳои асосии арҷ гузоштан ба ин рукни давлатӣ – ҳифзи марзу буми Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар ҷавони аз лиҳози маънавӣ ва ҷисмонӣ солим вазифадор аст, ки истиқлоли Ватани азизу маҳбуби худро ҳифз кунад ва ин яке аз шартҳои асосии давлатдорӣ мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






