Иқдоми МегаФон Тоҷикистон. Трафики интернет дар ду тарофаи маъруфи силсилаи «Дар тамос» то 25 гигабайт зиёд карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Трафики интернет дар ду тарофаи маъруфи силсилаи «Дар тамос» то 25 гигабайт зиёд карда шуд. Ба муносибати Рӯзи алоқа оператори имконияти нави рақамӣ барои истифодабарандагони бастаҳои «#БоОсонӣ+» ва «#ЗангБизан» иқдом ба роҳ мондааст. Пардохти абонентӣ бетағйир боқӣ мемонад.
Давоми муҳлати иқдом тарофаи «#БоОсонӣ+» 25 Гбтрафики интернетро дар бар мегирад. Дар аввал ба он 2 Гб дохил буд.
Инчунин дар тарофаи #ЗангБизан ҳаҷми интернет то 25 ГБ зиёд карда шудааст. Он барои дӯстдорони зангҳои овозӣ пешбинӣ шуда, қаблан дорои 3 ГБ буд.
Трафики зиёдкарда дарҳол баъд аз пайвасткунии яке аз ин бастаҳо дастрас мегардад. Агар муштарӣ аллакай тарофаи дар иқдом пешбинишударо пайваст карда бошад, 25 ГБ дар оғози давраи нав бо гирифтани пардохти абонентии стандартӣ фаъол карда мешавад.
Трафики зиёди «асосӣ» – ягона сабабе нест, ки тарофаҳои “Дар тамос” диққати истифодабарандагони интернетро ҷалб месозанд. Аксари бастаҳо дорои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои бемаҳдуд мебошанд ва панҷтои онҳо обунаро ба онлайн-кинотеатри IVI низ дар бар мегирад. «Силсилаи «Дар тамос» аз ҳашт тарофа иборат аст, ки дар байни онҳо ҳар муштарӣ намуди мувофиқи эҳтиёҷоти худро пайдо мекунад.
Аммо бо мурури замон хостаҳои сокинони Тоҷикистон тағйир меёбад ва мо низ ин омилро ба инобат мегирем. Ҳоло муошират бо дӯстон, ҷустуҷӯи маълумот ва мубодилаи файлҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Ин омезиши бемаҳдуд ба паёмрасонҳо бо афзоиши трафики дигар захираҳо истифодаи интернети мобилиро номаҳдуд мекунад»,–мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.
АКС:МегаФон Тоҷикистон








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






