ИМРӮЗ — РӮЗИ АДВОКАТҲО. Соли 2015 аввалин маротиба дар таърихи адвокатураи тоҷик Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд

Май 26, 2023 11:28

ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳар сол дар мамлакат 26 май ҳамчун Рӯзи адвокатҳо ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат   хабарнигори АМИТ «Ховар» бо раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   Саидбек Нуритдинов мусоҳиба  намуд. 

АМИТ «Ховар»: Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон кай таъсис дода шудааст, дар асоси кадом қонун фаъолият мекунад ва чаро маҳз 26 май Рӯзи адвокатҳо ҷашн гирифта мешавад?

С. Нуритдинов: Адвокатураи тоҷик таърихи беш аз 100-сола дорад, аниқтараш пас аз қабул намудани Низомнома оид ба таъсиси Адвокатураи собиқи шӯравӣ адвокатураи тоҷик маҳз аз 26 майи соли 1922 арзи ҳастӣ  карда, давраҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидааст.

Пас аз  соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо муҳайё гардидани шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди адвокатураи тоҷик бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 январи соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабул гардид, ки он аз ҷониби Президенти мамлакат 18 марти соли 2015 ба имзо расонида шуд ва аз  28 марти ҳамон сол мавриди амал қарор гирифт.

Дарвоқеъ, адвокатҳо ба қабули чунин қонун, ки адвокатҳоро муттаҳид ва фаъолияти адвокатҳоро дар Тоҷикистон танзим намояд, хеле ниёз доштанд.

Яке аз мақсадҳои асосии қонуни мазкур ин аст, ки  бо таъсис ёфтани Иттифоқи адвокатҳо ниҳоди адвокатура мутамарказ шуда, ҳамаи адвокатҳо муттаҳид ва фаъолияти онҳо дар мамлакат танзиму таҳким карда шавад.

Имрӯз  даст ёфтан ба иттифоқи касбӣ беҳтарин дастоварди адвокатҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки боиси боз ҳам рушд ёфтани сохтори адвокатура мебошад.

Мақом, маром ва ҳадафи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин, эътироф ва шинохти арзишҳои миллӣ, давлатӣ, касбӣ, инсонӣ, ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ ва одоби касбии адвокатҳо мебошад.

Бо назардошти ҳамин арзишҳои олӣ Иттифоқи адвокатҳо аз рӯзҳои аввали таъсис баҳри ташкил кардани шароити арзандаи корӣ, баланд бардоштани обрӯ ва мақоми ниҳод, рушд ва такмили минбаъдаи фаъолияти адвокатӣ  самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро муайян намуд.

Тибқи талаботи ин қонун, дар Анҷумани якуми адвокатҳо 18 сентябри соли 2015 аввалин маротиба дар таърихи адвокатураи тоҷик Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ягонаи мустақили  касбии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ аст, ки ба узвияти ҳатмии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст.

АМИТ «Ховар»: Дар ҳайати Иттифоқ чӣ қадар адвокат фаъолият мекунад? Сохтори ин Иттифоқ чӣ гуна аст ва дар минтақаҳо ба корафтодагон чӣ тавр кумак расонида мешавад?

С. Нуритдинов: Тибқи талаботи қонуни гуфташуда, дар Анҷумани якуми адвокатҳо, ки мақоми олии адвокатҳо аст,  18 сентябри соли 2015 ба ғайр аз Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   мақомоти минтақавии он дар 5 минтақаи мамлакат: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Ҳамчунин Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ҳамчун мақоми доимамалкунандаи иҷроия дар байни анҷуманҳо ва якчанд комиссияҳо таъсис дода шуд, ки дар маҷмуъ ташкил ва таъмини ёрии ҳуқуқиро дар мамлакат таъмин менамояд.

Аз лаҳзаи таъсиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳоло ба зиёда аз 950 адвокат бо Қарори Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бомувафақият супоридани имтиҳони тахассусӣ мақоми адвокат дода шуд. Аз ин қариб 800 нафар дар ҷумҳурӣ фаъолияти адвокатиро амалӣ  намуда, ба мардум ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, адвокатҳо ҳуқуқҳои корафтодагонро ҳимоя мекунанд. Оё худи адвокатҳо ба ҳимоя ниёз доранд ва ҳуқуқҳои онҳо чӣ тавр ҳифз карда мешавад?

С. Нуритдинов: Албатта, худи адвокатҳо  ҳам ба ҳимоя ниёз доранд ва кафолати таъмини ҳимояи онҳо, пеш аз ҳама,  қонун аст. Зиёда аз ин бо Қарори Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Комиссия оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокат таъсис дода шуда, ба он аз ҳар минтақа 2-нафарӣ аъзо мебошанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқҳои адвокат тавассути ҳамин Комиссия  дифоъ карда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Шумо солҳои дароз дар низоми судӣ фаъолият кардаед ва оид ба тартиби кори адвокатҳо дар асоси таҷрибаи ҳаётӣ маълумоти зиёд доред. Бигӯед, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат адвокатураи Тоҷикистон ба кадом дастовардҳо ноил гардид?

С. Нуритдинов: Таъсиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  мақомоти минтақавии он барои адвокатҳо дастоварди бузург аст. Дигар ин ки Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти  мақомоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ робита ва ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Самараи ин ҳамкорӣ ва робитаи касбӣ ин аст, ки  бо саъю кӯшиши Иттифоқи адвокатҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 29 январи соли 2021 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйироту иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», инчунин ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Тибқи ин тағйирот, адвокат аз лаҳзаи дастгиршавии шахс ба Тавқифгоҳҳои нигаҳдории муваққатӣ (изоляторҳо) ва ё Тавқифгоҳҳои тафтишотӣ бе гирифтани ягон иҷозат аз мақомоти тафтишотию судӣ ҳуқуқи бе маҳдудият ворид шудан ва расонидани ёрии ҳуқуқиро дорад.  Ё ин ки дар тӯли 100 соли гузашта Адвокатура барои такмили ихтисоси адвокатҳо сохтори худро надошт. Хушбахтона, бо Қарори Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази такмили ихтисоси назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он дар Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимӣ ба  қайд гирифта шудааст. Хуллас, дар муддати кӯтоҳ Иттифоқи адвокатҳои мамлакат ба дастовардҳои зиёд ноил гардид, ки баъзе аз он дар даврони шӯравӣ набуд.

АМИТ «Ховар»: Такмили ихтисоси адвокатҳо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Оё барои таҷрибаомӯзӣ ба дигар кишварҳо адвокатҳои Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд?

С. Нуритдинов: Тибқи талаботи моддаи 10,  қисми 1,  сархати 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»  адвокат уҳдадор аст, ки савияи дониши худро баланд бардорад ва маҳорати касбии худро такмил диҳад.

Такмили ихтисоси адвокатҳо дар асоси «Методикаи ягонаи тайёрии касбӣ ва такмили  ихтисоси адвокат, коромӯзон ва ёрдамчиёни адвокат», ки бо Қарори Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2016 тасдиқ карда шудааст, тавассути Маркази такмили ихтисоси назди Иттифоқи адвокатҳо амалӣ мешавад.  Аз лаҳзаи таъсиси Маркази такмили ихтисос  аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо  бо дастгирии мақомоту ташкилоти  давлатию байналмилалӣ  баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии адвокатҳо зиёда аз 300 машғулият-тренинги муштарак  гузаронида шудааст.  Дар ин муддат зиёда аз 500 адвокат аз даври такмили ихтисос ва ҳамзамон дар назди Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузашт. Аз лаҳзаи таъсис Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин робитаҳои ҳамкориро бо ташкилоти адвокатии дигар кишварҳо ба роҳ монда, дар тӯли 7 сол беш аз 60 адвокатро барои иштирок дар чорабиниҳои омӯзишӣ ба кишварҳои хориҷӣ равон намудааст.

АМИТ «Ховар»: Барои адвокат будан ва ё адвокат шудан кадом талабот пеш гузошта мешавад ва имрӯз дар фаъолияти Шумо кадом мушкилӣ мавҷуд аст?

С. Нуритдинов: Мутобиқи талаботи қонуни  дар боло гуфташуда, адвокат шахсе аст, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун соҳиби  мақоми адвокат гардидааст. Барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат шахс бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, таҳсили олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад, забони давлатиро донад, на кам аз ду сол собиқаи  корӣ аз рӯи ихтисоси хуқуқшиносӣ дошта бошад ё  муҳлати коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ гузашта бошад.  Пас аз ин ӯ барои имтиҳонсупорӣ тавассути мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Чумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳони тахассусӣ адвокат дар ҷаласаи Раёсати Иттифоқи адвокатҳо савганди адвокатӣ ёд карда, ба узвияти Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Минбаъд адвокат шакли ташкилии фаъолияти адвокатии худро интихоб карда, ҳуқуқи расонидани ёриро пайдо мекунад.

АМИТ «Ховар»: Оид ба эътимод ва боварии сокинони мамлакат ба адвокатҳо чӣ гуфта метавонед? Маълумоти оморӣ оид ба расонидани кумакҳо ба корафтодагон мавҷуд ҳаст?

С. Нуритдинов: Бале, боварӣ ва эътимоди мардум ба адвокатҳо зиёд аст. Мутобиқи талаботи моддаи 92-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои  тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода шудааст. Барои мо, адвокатҳо мояи  ифтихор аст, ки ин арзиш, яъне кафолати давлат ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ  дар  марҳилаҳои  тафтишӣ ва мурофиаҳои судӣ маҳз тавассути ниҳоди Адвокатура таъмин карда мешавад.

Ба ғайр аз ин тибқи талаботи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»,  узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ба 8 категория, аз ҷумла, ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум оид ба ситонидани алимент, ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, ба шаҳрвандони камбизоат ва ғайра ёрии ҳуқуқии ройгон расонад.

Танҳо соли 2022 аз ҷониби адвокатҳо ба 37 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ аз ҷониби адвокатҳо ёрии ҳукуқии ройгон расонида шудааст. Маърифати ҳуқуқии мардумамон ҳам баланд шуда истодааст. Қариб ҳамаи баҳсҳои гражданию оилавӣ ва меҳнатӣ тариқи намояндагии адвокатҳо дар судҳо гузаронида мешавад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи адвокатҳоро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо тансиҳатию хонаободӣ ва дар фаъолияти касбияшон комёбиҳои беназир таманно мекунам.

Акрами  САНГ,
АМИТ «Ховар»

Май 26, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд