ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёту фарҳанги ҷомеа нақши калон доранд

Май 18, 2023 15:56

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 май дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо (International Museum Day) маҳсуб мешавад. Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо шоми имрӯз дар Осорхонаи миллӣ аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» гузаронида мешавад.

Дар доираи баргузории иқдоми  байналмилалии «Шабе дар осорхона» беш аз 20  маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ дар толорҳо, роҳравҳо ва саҳни   Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Намоиши  дастовардҳои Осорхонаи миллӣ, нигораҳои зиндаи «Шоҳзодаи Фархорӣ», «Маликаи Сосониён –Бурондӯхт», «Умари Хайём ва Абурайҳонӣ Берунӣ», «Дарси  устод-шогирд –хушнависӣ», намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар  дастон «Ҳино», фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ, оши палав, намоиши олами вуҳуш, инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи «Космо ленд» аз ин ҷумла мебошанд. Ҳамзамон дар намои берунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии «Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон» намоиш дода мешавад.

Нигоҳе ба таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

Гузаронидани Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он сарчашма мегирад, ки соли 1977  дар Конфронси 11-уми генералии Шӯрои  байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) , ки дар Москва ва Санкт–Петербург баргузор  гардид, намояндагони  ҷомеаҳои осорхонаҳои ҷаҳон  хостори таъсиси Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо шуданд. Соли 1977  дар Ассамблеяи генералии ICOM дар Москва дар иртибот ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо эъломия қабул гардид. 18 май Рӯзи  осорхонаҳо ба иди  байналмилалӣ табдил ёфт, ки ҳоло он дар зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон  гузаронида мегардад.

Ҳадафи «Шабе дар Осорхона» намоиши иқтидори  осорхонаҳо ва ҷалби тамошобинон аст

Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» — яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангии мамлакат буда, дар ҷодаи фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони  мамлакат нақши муассир дорад. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ пайваста кӯшиш менамоянд, ки намоишу чорабиниҳои гуногун баргузор намоянд, ки иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» яке аз онҳо аст. «Шабе дар Осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон  оғоз гардида, баъдан дар кишварҳои Аврупо ва Амрико доир шуд.

“Солҳои охир барномаи «Шабе дар Осорхона» дар аксар кишварҳои ҷаҳон гузаронида шуда, дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби Офтоб то нисфи шаб дарҳои худро ба рӯйи тамошобинон боз менамоянд. Мақсади асосии ин иқдом – намоиши имконот, иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад. Ин иқдом бори нахуст дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» соли 2013 тибқи анъанаи касбӣ баргузор шуд. Имсол Осорхонаи миллӣ ин чорабиниро бори 9-ум доир намуда, ҳазорон сокинону меҳмонони пойтахт  аз барномаҳои гуногуни он дидан намуда, дар баробари фароғати фарҳангӣ бо таърихи куҳан, фарҳанги қадимӣ ва дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мегарданд. Ин яке аз муҳимтарин иқдоме мебошад, ки барои фароғати фарҳангии сокинону меҳмонон ва сайёҳони пойтахти мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад”,-иброз дошт Фаридун Кенҷаев.

Осорхонаи миллӣ дар боло бурдани фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи  хос дорад

Осорхонаҳо таҷассумгари таърих, фарҳанг ва дастовардҳои ҳар халқу миллат буда, кишварҳои мутамаддин барои ҳифзи ёдгориҳо ва мероси ниёгони худ осорхона бунёд менамоянд. Ҳамин аст, ки дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ифтитоҳи осорхонаҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷойгоҳи хосса дорад. Бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон  тибқи меъёрҳои муосир бунёд шуда, аз се ошёна иборат  аст. Он моҳи марти соли 2013 ба истифода дода шуда, бо маҷмааи бошукуҳи Қасри миллат, Парчам ва Нишони давлатӣ, Китобхонаи миллӣ, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ омезиш ёфтааст. Бинои Осорхонаи миллӣ аз лиҳози меъморӣ намунаи барҷастаи пайванди асрҳо, омезиши услубҳои классикӣ ва муосир буда, бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи муҳандисиву бинокорӣ бунёд гардидааст.

Осорхонаи миллӣ соли 2021 ба узвияти ICOM пазируфта шуд

Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2021 ба Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) аъзо гардида, бо пешниҳоди муассиса Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 ба Маркази байналмилалии тадқиқот оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) шомил шуд. Пазируфта шудан ба узвияти  ICOM ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон замина фароҳам овард, то дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳм гузорад. Чунки аз соли 2020 инҷониб ҳар сол Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо маҷмуи ҳадафҳоро аз Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ мекунад. Мавзуи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар соли 2023 «Осорхонаҳо, устуворӣ ва некӯаҳволӣ» буда, ба ҳадафи 3 – саломатӣ ва некӯаҳволии тамоми аҳолӣ, ҳадафи 13 – амал оид ба иқлим ва ҳадафи 15 – ҳаёт дар рӯи замин тамаркуз карда шудааст. Иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» ба тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ имкон медиҳад, то дарк намоянд, ки осорхонаҳо бахши ғайрифаъоли соҳаи фарҳанг набуда, баръакс, бо дигар бахшҳои он ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи имрӯза дар ҳамкорӣ ва табодули таҷриба мебошанд, яъне осорхонаҳо дар ташаккул ва эҷоди ояндаи устувор нақш доранд ва онҳо ин корро тавассути тадқиқоти илмӣ, барномаҳои таълимӣ, намоишҳо, чорабиниҳо ва кор бо аҳли ҷомеа анҷом медиҳанд.

Ёдгориҳо даврони атиқаи халқи тоҷик то замони муосирро намоиш медиҳанд

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дорои чор шуъбаи экспозитсионӣ-табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ  ва амалӣ мебошад. Ин муассисаи бузурги фарҳангӣ аз 22 толори намоиши осори таърихӣ, аз қабили толори Истиқлолият, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кулолгарӣ, мисгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, рассомӣ,  сиккаҳо ва ғайра иборат буда, беш аз 100 корманд дар он фаъолият менамоянд. Дар толорҳои осорхона бозёфтҳои нодири таърихи куҳани халқи тоҷик аз асри санг то давраи садри ислом ва аз асри даҳ то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд.  Инчунин осорхона дорои толор барои 300 ҷойи нишаст, панҷ махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аст. Дар толори мудаввар яке аз ёдгориҳои машҳуру камназири Тоҷикистон — муҷассамаи Буддо ба намоиш гузошта шудааст, ки аҳли илми ҷаҳон ба ин ёдгории таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо осорхонаҳои бузурги ҷаҳон  ҳамкории густурда дорад

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳоло бо осорхонаҳои бузурги давлатҳои Русия, Фаронса, Британияи Кабир, Чин,  Ҳиндустон, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон  ҳамкории густурда дорад. Интизор меравад, ки соли оянда 90-солагии Осорхонаи миллӣ таҷлил карда шавад. Алҳол дар  Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 84 ҳазор  ашёи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад, ки бозгӯи таърихи бостон ва тамаддуну фарҳанги бойи тоҷикон аст. Назар ба андешаи ҳамсуҳбати мо, барои мукаммал намудани фонди осорхона ашёи қадимӣ, ки аҳамияти таърихӣ — фарҳангӣ доранд,  бо роҳи харидорӣ, туҳфа, инчунин корҳои бостоншиносӣ  ҷамъ оварда мешаванд.

Соли равон ҳайатҳои баландпояи давлатҳои Русия, Чин, Корея ва дигар кишварҳои хориҷӣ ва садҳо сайёҳу меҳмон аз Осорхона боздид ва бо таъриху тамаддуни  халқи тоҷик шинос шуд.

Дар маҷмуъ, осорхонаҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва фарҳанги ҷомеа нақши муассир мегузоранд.

 Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 18, 2023 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид