ИМРӮЗ — РӮЗИ САРҲАДБОНОНИ ТОҶИК. Онҳо на танҳо марзҳои Тоҷикистон, балки амнияти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ ҳимоят мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлоли мамлакатамон мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд». Ин иқтибос аз суханронии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон аз 28 майи соли гузашта аст, ки дар он ба нақши муҳими муҳофизони сарҳад дар таъмини сулҳу субот ва амнияти Ватан баҳои баланд дода шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани назорати сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии унсурҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти ҷумҳурӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ин санаи таърихӣ ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон эълон карда шуд.
Инак, аз таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат тавонистанд аз як бригадае, ки танҳо силоҳи одии оташфишон дошт, то ба муҷаҳҳазтарин ва муҳимтарин ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ табдил ёбанд.
Далели сипари давлатдорӣ будани сарҳадбонон ин аст, ки агар онҳо дар хатти сарҳад пеши роҳи вуруди силоҳу аслиҳа, адабиёти ифротӣ, гурӯҳҳои ҷиноятпешаро нагиранд, бешак, оромиву субот, давлатдорӣ ва миллатсозӣ аз байн меравад. Ҳамон тавре ки дар аввали солҳои навадуми асри гузашта, замоне ки давлати шӯравӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ аз байн рафта буд ва дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ҷангзадаи ҳамсоя неруҳои сарҳадбонии давлати бегона қарор доштанд, душманону бадхоҳони миллату давлати тоҷик бо истифода аз ин вазъи ба амаломада бо роҳи қочоқ ба сарзамини Тоҷикистон силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, маводи мухаддир, адабиёти экстремистӣ ворид карданд.
Ғайри қобили қабул будани сатҳу сифати ҳимояи сарҳади давлатӣ дар ҳамон шабу рӯз ба гурӯҳҳои манфиатдори сатҳи байналмилалӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шароити мусоид фароҳам овард, то ба Тоҷикистон дар баробари силоҳ маводи мухаддир ва адабиёти зараровар ворид намуда, ҳамчунин кӯшиш карданд, ки ғояҳои асримиёнагиро ба афкори мардум бор кунанд. Чунин ҳолат оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Ба ибораи дигар, душманони миллату давлат бо дасти зархаридони худиву бегона кӯшиш карданд, ки баҳри аз харитаи сиёсии ҷаҳон пок кардани номи давлати ҷавони Тоҷикистон замина гузоранд.
Бо назардошти шароити ба амаломада, бо мақсади таъмини ҳифзи сарҳадоти мамлакат роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI инттихоб шуда буд, 18 декабри соли 1992 қарор қабул кард, ки дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил карда шавад. Сипас 28 декабри ҳамон сол бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ бригадаи мазкур ба Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ табдил дода шуд.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат изҳор карданд: «Дар муддати 29 соли сипаришуда Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди тамоми мушкилоте, ки хусусан солҳои аввали таъсиси ин ниҳоди муҳимми низомӣ вуҷуд доштанд, ба хотири таъминоти моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Қӯшунҳои сарҳадии мо ҳоло ба як сохтори аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд ва яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд».
Бояд гуфт, дар баробари он ки давоми солҳои гузашта ҳайат ва сохтори қӯшунҳои сарҳадӣ ташаккули комил ёфта, бо беҳтарину хубтарин шароити моддӣ, маишӣ, техникӣ ва муосиртарин силоҳу лавозимоти ҷангӣ таъмин шуданд, масъулият, рисолат ва вазифаҳои хизматиашон низ бештар аз пештар шудаст.
Зиёда аз ин, сарҳадбонони тоҷик имрӯзҳо, муҳофизати сарҳади давлатиро дар шароити вазнин ва вазъи ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳон иҷро карда истодаанд. Сарҳадбонони тоҷик ҳамоно барои пешгирӣ намудани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, силоҳ, маводи мухаддир, адабиёти экстремистӣ бедорхобӣ мекашанд, сина сипар мекунанд, зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакатро ҳифз мекунанд.
Ҷойи пинҳон кардан нест, ки бадхоҳони миллати тоҷик ҳанӯз аз нақшаҳои зишти худ даст накашидаанд, балки зиндагии босубот ва ҳаёти созандаву осоиштаи сокинони давлати навини тоҷикон ба чашми онон мисли хор мехалад. Хусусан, набояд фаромӯш кард, ки ҷангу ҷидол, муқовиматҳои мусаллаҳона дар кишвари ҳамсоя то ҳоло ба анҷом нарасидааст, бараъкс дар давлати маълум гурӯҳҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ пои худро гузоштаанд ва гоҳу ногоҳ, нимошкору нимпинҳон ба сӯи Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ки бо оҳанги таҳдид овоз баланд кунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «мушкилоти ҳифзи сарҳади тӯлонӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо нақши минтақаи буферӣ дорад, гувоҳи равшани аҳаммияти хоссаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Ин суханони Пешвои миллат ишора ба ин аст, ки шуруъ аз соли 1994 инҷониб сарҳадбонони тоҷик на танҳо марзҳои Тоҷикистонро, ҳамчунин сарҳад, оромиву субот ва тинҷиву осмони софи ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ – давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳимоят мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки давоми ин 29 соли охир дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳаргиз суботу низоми устувор набуд ва хатари ворид шудани силоҳу аслиҳа, маводи мухаддир, адабиёти зараровар ва идеологияву таълимоти бегона ягон рӯз ва ягон соат кам нашудааст. Ба ибораи дигар, агар сарҳадбонони дигар давлатҳо дар марзҳои осоишта хизмати худро иҷро карда бошанд, пас сарҳадбонони шуҷои тоҷик ҳамеша дар ҳолати пурраи омодабоши ҷангӣ қарор доштанд. Шуҷоату қаҳрамонӣ ва далериву нотарсии афсарону сарбозони тоҷик кафолати амнияту осоиштагӣ ва зиндагиву рӯзгори ободу созанда мебошад.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои миллат баҳри боло бардоштани касбияти қӯшунҳои сарҳадӣ ва таъмин намудани шароити мусоид тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад. Чунончӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо раёсату отрядҳои сарҳадӣ ва таъйиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти касбии марзбонӣ, марказҳои таълимӣ, садҳо дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои назорати сарҳадӣ таъсис ва бунёд карда шудаанд. Барои мустаҳкам намудани ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот садҳо постгоҳҳои иловагии сарҳадӣ ташкил гардида, беш аз 800 иншооти сарҳадӣ таҷдиду навсозӣ карда шуд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Тавре ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал, неруҳои марзбонро водор месозад, ки ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро ҳаргиз фаромӯш накунанд. Бахусус, марзбонон бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошта вазифа ва масъулияти муқаддас мебошад».
Акрам САНГ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ