«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». 1 июн дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ доир мешавад

Май 29, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июн, соати 18:00 дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд!» барномаи  бошукўҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар барнома ҳамчунин намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт  ба тамошо  гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба ин рӯз аз 26 май то 1 июн «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  идома дошта, дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯйнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз»  ва ҳамоиш дар мавзуи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» доир мегардад.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ,  аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ ба роҳ монда шудааст, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин ид манзури кӯдакон гардонида мешаванд.

Ёдовар мешаваем, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба роҳ монда шудааст.

Дар Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» гузаронида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, ба парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсили босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгор фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод бо иштироки кӯдакон пайваста  озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ доир менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кӯдакон, махсусан ятимон, маъюбон ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш ва сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири энергетика ва захираҳои об дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз» дар Ҷопон иштирок намуд
Дар Душанбе Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад
Дар маҷаллаи «Trends» дар хусуси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо иштироки Тоҷикистон мақола ба нашр расид
Ҷамолиддин Абдуллозода дар якчанд ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба масъалаҳои тандурустӣ иштирок намуд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии пахта бомаром идома дорад
ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН! Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба медали тилло шарафёб гардид!
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
40 нафар занони ҳунарманд соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд шуданд
«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Мураббии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
МУБОРАК БОД! Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 соҳиби аввалин медали биринҷӣ гардид!
Дар Хуҷанд Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена» бунёд мешавад
«ТИЛЛОИ САФЕД». Дар вилояти Хатлон беш аз 93 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд